Таърихи пианинои 126 сола
Хоруғ, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Соли 1914 садри қароргоҳи марзбонони Русияи подшоҳӣ дар Помир М.Шпилко ба воситаи корвони иборат аст аспу уштур ба Бадахшон пианинои тамғаи «Беккёр» — ро оварда буд, ки онро соли 1885 сохта буданд. Баъди аз Бадахшон рафтани артиши Русияи подшоҳӣ ва ғалабаи болшевикон пианино ба дасти марзбонон гузашт. Ҳангоми дар маркази ВМКБ таъсис ёфтани осорхонаи вилоятӣ пианиноро ба он ҷо оварданд. Дар охири соли гузашта набераи М.Шпилко ба хотири дидор аз пианинои бобояш ба шаҳри Хоруғ омада, қабл аз бозгашт ба ватанаш ба кормандони осорхонаи вилоятӣ ваъда дод, ки барои таъмири пианино маблағ мефиристад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






