Ташкили бунгоҳи мушоҳидаи доимӣ дар ноҳияи Дарвоз
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Тайи ҳафтаҳои охир дар ноҳияи Дарвоз заминларза такрор мешавад, ки қувваи он баробари аз 2 то 3 балл аст. Тавре муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҶТ Абдусаттор Хушвахтов ба журналистон хабар дод, бар асари заминларза 53 хонаи истиқоматӣ қисман хароб шудааст. Ҳоло дар ин ноҳия бунгоҳи мушоҳидаи доимӣ ташкил ёфта ва ба мардум ёрии зарурӣ аз қабили маводи ғизоӣ ва либоси гарм расонида мешавад. «Соли 2011 дар ҷумҳурӣ ҷамъ беш аз 120 вазъияти фавқулодда рух дод, ки дар натиҷаи он 11 кас ҳалок гардида ва 1007 хонаи истиқоматӣ осеб дид. Маблағи умумии зарари он 43 миллиону 815 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», — гуфт А. Хушвахтов.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






