Тавсеаи ҳамкорӣ дар самти табодули иттилоот
Душанбе, 23 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишнома дар бораи мубодилаи иттилоот дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткориро тасдиқ намуд. Санади мазкур моҳи майи соли 2009 дар шаҳри Остона аз ҷониби роҳбарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ба имзо расида, аз муқаддима ва 16 модда иборат аст. Созишнома рушди фаъолонаи ҳамкориҳо байни давлатҳои ИДМ-ро дар самти табодули иттилоот дар бахши мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба танзим медарорад, -мегӯяд муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Нурулло Орифов. Амирқул Азимов, собиқ котиби Шӯрои амнияти кишвар, ки алҳол узви Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон аст, таъкид менамояд, ки ҷинояткорӣ бо тамоми намудҳояш барои бехатарии шахсият, ҷамъият ва давлат таҳдиди ҷиддиро пеш меорад. Бинобар ин тасдиқи Созишномаи мазкур аз сӯи парлумони Тоҷикистон рушди муносибатҳои тарафҳоро дар соҳаи мубодилаи маълумот ва таҳкими ҳамкориҳои ояндаи итилоотӣ, ҳангоми ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба низом медарорад. Дар созишнома вазифаҳои ҳукуматҳои давлатҳои ИДМ доир ба пешгирӣ, ошкорсозӣ, барҳамдиҳӣ, кушодан ва тафтиши ҷиноятҳо, ба таври ройгон аз рӯи дархост пешниҳод намудани маълумоти мавҷуд дар қайдҳои фаврию иттилоотӣ, кофтуковӣ, криминалистӣ ва бойгониҳо, ҳамчунин табодули маводи илмию техникӣ, иттилоотию таҳлилӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар бахши мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мушаххас зикр шудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






