Тоҷикистону Куриё дар роҳи таҳкими робитаҳои парлумонӣ
Душанбе, 20 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Куриёи Ҷанубӣ дар мулоқоти раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар Маҷлиси намояндагон Махфират Хидирова бо кордори сафорати Куриёи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон Ён-Чон-гу дар Душанбе баррасӣ гардид. Роҳбари фраксияи ҲХДТ дар Палатаи поёнии парлумон таъкид кард, ки таъсиси гурӯҳҳои дӯстӣ дар парлумонҳои ҳар ду кишвар шароит ва фазои мусоидро барои тақвияти ҳарчи бештари равобити кишварҳо дар соҳаҳои гуногун фароҳам хоҳад овард. Мавсуф афзуд, ки парлумонҳои ҳар ду кишвар бояд аз тамоми имконоте, ки барои таҳкими ҳамкориҳо мавҷуданд, ба таври самарабахш истифода кунанд. Дар ин замина дар Тоҷикистон фазои мусоиди ҳуқуқӣ мавҷуд аст. Дипломати куриёӣ дар навбати худ гуфт, ки соли равон дар Куриёи Ҷанубӣ интихоботи парлумонӣ ва президентӣ баргузор мегардад ва мо умедвор ҳастем, ки ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Куриё баъди баргузории ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ беш аз пеш густариш хоҳад ёфт.Ҳамзамон кордори сафорати Куриёи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон афзуд, ки мо хостори тақвияти ҳамкориҳои гуногунсоҳа бо Тоҷикистон ҳастем ва зимни фаъолияти дипломатиам дар Тоҷикистон тамоми талош ва дониши худро барои рушди муносиботи мутақобилан судманд сафарбар хоҳам кард.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






