Вазири маориф ректори донишгоҳ шуд
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо фармонҳову амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйиротҳои кадрӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, Абдуҷаббор Раҳмонов, ки қаблан вазири маориф буд, ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ба вазифаи вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳаёт Одинаев, ки қаблан ноиби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ба вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов ба вазифаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Бобохон Маҳмадов ба вазифаи директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






