Вазири ВКХ Нидерланд ба Тоҷикистон даъват шуд
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 18 январ дар шаҳри Гаага мулоқоти Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Шоҳигарии Нидерланд Рустамҷон Солиев бо вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ури Розентал баргузор гардид.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот вазъу дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд. Р.Солиев ба вазири ВКХ Нидерланд аз ҷараёни омодагӣ ба конфронси 5 – уми қарибулвуқӯи ҳамкории иқтисодии минтақавӣ аз рӯи қазияи Афғонистон, ки 26 – 27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, муфассал нақл карда, Ури Ронтелро аз номи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват намуд, ки дар конфронс иштирок кунад. Ин даъват бо камоли қаноатмандӣ пазируфта шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






