Забон донӣ — ҷаҳон донӣ!
Хоруғ, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Логос» моҳи октябри соли гузашта дар ноҳияи Роштқалъа бо маблағгузории Сафорати Амрико дар Тоҷикистон курсҳои таълими забони англисӣ таъсис ёфтанд. Дар робита бо ин падида охири ҳафтаи гузашта дар толори интернати назди мактаби № 27 – уми ноҳияи Роштқалъа бо иштироки маъмурияти ташкилоти ҷамъиятии «Логос», волидайн ва толибилмон ҷамъомад доир шуд.Дар ин ҷамъомад намояндаи ташкилоти мазкур аз хусуси манфиати омӯзиши забон ва ҷойгоҳи ашхоси забондону болаёқат дар ҷомеаи имрӯза ҳарф зад. Дар фарҷоми ҳамоиш ба наврасоне, ки аз имтиҳони дохилшавӣ гузашта буданд, сертификатҳои ташкилоти ҷамъиятии «Логос» тақдим гардид. Кормандони ташкилоти «Логос» ният доранд, ки дар давраи таътили зимистона барои хоҳишмандон курсҳои омӯзиши забонҳои англисӣ, арабӣ, хитойи ва форсиро доир намоянд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






