Ҳайати ҶСК «Газпром» дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо гурӯҳи кории ҶСК «Газпром» ва ҶСП «Газпром EP INTERNATIONAL BV» бо роҳбарии аъзои раёсат — сардори Раёсати таъминоти газ, гази конденсат ва газу нафти ҶСК «Газпром» В.В. Черепанов ва директори генералии ҶСП «Газпром EP INTERNATIONAL BV» В.Л.Гулев, ки 7- уми феврали соли ҷорӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, аз рафти корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Сариқамиш-1» боздид ба амал оварда, бо рафти корҳо дар майдони мазкур шинос гардиданд. Пас аз он вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо ҳайати мазкур мулоқот анҷом дод, ки зимни он масъалаҳои вусъат бахшидани корҳо дар майдони мазкур, оғози корҳои ҷустуҷӯию геологӣ дар майдони нафту гази Шоҳамбарии Ғарбӣ, ҳамчунин масъалаҳои дигари ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. Мавриди тазаккур аст, ки 7-уми феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 4-уми Кумитаи идоракунӣ доир ба назорат ҷиҳати иҷрои Созишнома доир ба принсипҳои умумии гузаронидани омӯзиши геологии қаъри замин дар майдонҳои ояндадори нафту гази Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он натиҷаи корҳое, ки дар соли 2011 анҷом дода шудаанд, ҷамъбаст гардида, ҳамчунин нақшаҳо барои соли 2012 баррасӣ ва муайян гардиданд. Дар ҷаласа вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ, сардори Раёсати таъминоти газ, гази конденсат ва газу нафти ҶСК «Газпром» В. Черепанов ва директори генералии ҶСП «Газпром EP INTERNATIONAL BV» В.Л.Гулев, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок намуданд.Ташрифи ҳайати намояндагони ҶСК «Газпром» дар асоси мувофиқаи дуҷониба, ки ҳангоми сафари вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия дар санаи 25-уми январи соли 2012 ба даст омад, сурат гирифт.