Ҳамкориҳои дуҷониба вусъат меёбанд
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амҷад Ҳусейн Б. Сиал масъалаи рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима намуданд. Аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот самтҳои дигари ҳамкориҳои иқтисодии мутақобилан судманд мавриди арзёбӣ қарор гирифта, ба омодагиҳо ҷиҳати баргузории Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (PECCA V), ки моҳи оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардид.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






