Ҷомеаро ба иштибоҳ наандозед

Февраль 28, 2012 15:04

Баёния барои тамоми расонаҳои хабарии дохилу хориҷДар ҳафтаномаи «СССР» (№ 8 аз 23-юми феврали соли 2012) матлабе бо номи «Атлас ва бачаи Гитлер» ба нашр расидааст ва мазмуни куллии матлабро «шарҳу тавзеҳ»-и як таклифи вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов ташкил медиҳад. Вазири маорифи кишвар чанде пеш дар як машварати корӣ бо ректорони донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва мудирони шўъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе (ва ҳамчунин дар як вохўрии дигар бо директорони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе) вобаста ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврўз, ки имсол Тоҷикистон мизбони ин ҷашни миллӣ мебошад, таклиф карда буд, ки дар рўзҳои ҷашн омўзгорон ва муҳассилини зан либоси миллӣ ба бар кунанд. Ин таклифро вазири маориф барои пос доштани арзишҳои миллӣ, шаҳомат бахшидан ба ҷашни байналмилалии Наврўз ва гиромӣ доштани суннатҳои мардумӣ пешниҳод намуда буд. Аммо як гурўҳ рўзноманигорон ва воситаҳои ахбори омма ин таклифи вазири маорифро нодуруст ба баррасӣ гирифта, навиштаанд, ки гўё вазири маориф дастур додааст, то тамоми муаллимаҳо ва муҳассилин ба мактабу муассисаҳои олии таълимӣ аз 1-уми март бо куртаи атлас ҳозир шаванд. Ин навиштаи расонаҳо комилан беасос, дурўғ ва таъйиднашуда буда, боиси ба вуҷуд омадани нофаҳмиҳо ва баҳсҳои беасосу беҷиҳат дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ шудааст. Аз ҷумла муаллифи матлаби мазкур дар «СССР» Сафват Бурҳонов бо огоҳӣ ёфтан аз ин таклифи вазири маориф аз расонаҳо, бидуни он, ки воқеият ва моҳияти ин таклифро аз Вазорати маориф таъйид кунад, ба арзёбии нолозиму беасоси он пардохта, ним сафҳаи ҳафтаномаро бе зарурат банд кардааст. Тамоми кўшишҳои оқои Бурҳонов барои то куҷо мантиқӣ будани ин таклифи вазир, ба назари мо, бефоида анҷом ёфтаанд. Зеро муаллиф ба иштибоҳ роҳ дода (балки ин иштибоҳро тамоми ВАО содир намудаанд), бардурўғ навиштааст, ки ин таклиф бояд аз 1.03.2012 амалӣ шавад. Аммо барои Бурҳонов ва тамоми рўзноманигорон бори дигар изҳор медорем, ки ин таклиф танҳо барои рўзҳои ҷашни Наврўз пешниҳод шуда буд ва танҳо ва танҳо характери тавсиявӣ ва машваратӣ дошт. Ба ин манзур, тамоми матлаби Бурҳонов ва рўзноманигорони дигар дар мавриди ин таклифи вазири маориф, ки гўё як навъ фишор ва бори гарон барои омўзгорон ва муҳассилин бошад, беасос ва ғайриҳирфаӣ мебошад.Бори аввал ин иттилои носаҳеҳ ҳангоме расонаӣ шуд, ки хабаргузории «Азия-плюс» (6.02.2012) ба нақли қавл аз як иштирокдори вохўрии вазир бо директорони мактабҳои шаҳри Душанбе ишора ба он кардааст, ки гўё ӯ ин пешниҳоди вазирро бо тааҷҷуб пазируфтааст. Ва дар ҳамин хабар нодуруст гуфта мешавад, ки ин як таклифи иҷборӣ мебошад. Баъдтар радиои «Озодӣ» (20.02.2012) низ ба иштибоҳ роҳ дода, ин таклифи вазирро ҳамчун амр маънидод кардааст, бо вуҷуди он, ки котиби матбуоти вазорат Сиддиқ Муборак ба хабарнигори ин расона Ҳарамгули Қодир тавзеҳ дода буд, ки ин фақат як таклиф аст ва танҳо омўзгорон ва муҳассилин ихтиёран метавонанд дар рўзҳои ҷашни Наврўз либоси миллиро ба бар кунанд. Баъди ин иттилои «Озодӣ» як қатор расонаҳои дохилу хориҷ («Чархи гардун», сомонаи «TopTJ.com», ОИ «Regnum», сомонаи «Интернет-новости», сомонаи «Фараж», рўзномаи «ИмрўзNews» ва дигарон) онро бо иштибоҳ интишор додаанд. Ҳатто баъзе аз ин расонаҳо аз номи котиби матбуоти вазорат (бидуни он ки дар иртибот шуда бошанд) дурўғи маҳз навиштаанд.Чунин иттилои нодуруст ва нокомили хабаргузории «Азия-плюс» ва радиои «Озодӣ» боиси баҳсҳои доманадору тавҳиномези иштирокчиёни шабакаи иҷтимоии «Facebook» гардидааст. Аксари иштирокчиён бо «хизмати» ин ду расона таклифи моҳияти машваратидоштаи вазири маорифро як амр ва шарти зарурӣ пиндошта, ба носазогўйӣ ва суханҳои беасосу нолозим пардохтаанд. Аз ҷумла, яке аз корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ Дориюши Раҷабиён бо истинод аз «Озодӣ» бисёр ғайримантиқӣ баҳсеро оғоз мекунад, ки «вазири омўзишу парвариш (маориф) боварманд аст, ки бо пероҳани атлас омўзгорони зан донишро беҳтар ба шогирдонашон мунтақил мекунанд… Дареғ аз шуур». Дар сурате, ки вазири маориф таклифи пўшидани либоси миллиро танҳо дар рӯзҳои иди Наврӯз ва барои муаррифии шаҳомати либоси миллӣ дар миён гузошта буд ва ин амал дар рўзҳои ҷашн, ки таътил буда, ба раванди дарс кадом алоқамандие надорад, ин навиштаи Раҷабиён беасос ба гардани вазири маориф бор мешавад. Зеро ҳеҷ вақт вазири маориф ба чунин як тасаввури ғалат боварманд нест.Аммо муаллифи матлаби «СССР» Сафват Бурҳонов ҳамин як таклифи муқаррарии вазири маорифро ба амалкарди Гитлеру фарзанди ў мушобеҳ дониста, ин ду ҳодисаи аз ҳам билкул мутафовитро ноаён ба ҳам пайванд медиҳад, ки инро мо як кори нодуруст ва ғайримантиқӣ ҳисоб мекунем. Бар пайи ба вуҷуд омадани чунин як нофаҳмӣ ва ба иштибоҳ андохтани хонандагону истеъмолгарони зиёди маводи расонаҳо ва нодуруст шарҳ додани ин таклифи вазири маориф, котиботи матбуоти Вазорати маорифи кишвар аз тамоми рўзноманигорон ва ВАО дархост мекунад, ки минбаъд зимни инъикоси масъала ва ҳодисаҳои марбут ба соҳаи маориф воқеият ва ҷузъиёти онҳоро аз ҷониби ниҳоди масъул (Вазорати маориф) таъйид намоянд. Котиботи матбуоти Вазорати маориф омодаи робитаву ҳамкории зич бо тамоми рўзноманигорону расонаҳои хабарӣ мебошад. Сиддиқ Муборак,котиби матбуоти Вазорати маорифи Тоҷикистон 28-уми феврали соли 2012

Февраль 28, 2012 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад