Афзоиши ҳаҷми пасандоз дар бонкҳо
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҳаҷми бақияи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар бонкҳои кишвар нигоҳ дошта мешаванд, дар охири моҳи январи соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 30,5 фоиз зиёд шуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки аз ин нишондиҳанда 1 млрд. 595,2 млн. сомониро пасандозҳо бо пули миллӣ ва 2 млрд. 819,8 млн. сомониро маблағҳо бо асъори хориҷӣ ташкил медиҳанд. Агар ба таркиби ҳаҷми бақияи пасандозҳо таваҷҷӯҳ намоем, 46,7 фоиз ё 2 060,2 млн. сомонӣ ба пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 53,3 фоиз ё 2 354,9 млн. сомонӣ ба пасандозҳои шахсони воқеӣ рост меоянд. Аз рӯи иттилои манбаъ, дар моҳи январи соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ ба 17,09 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 14,45 фоизи солона баробар шудаанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






