Анҷумани гигиеначиён ва табибони санитарӣ дар Маскав
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 29 – 30 марти соли равон дар шаҳри Маскав Анҷумани Х1 умумирусиягии гигиеначиён ва табибони санитарӣ дар мавзӯи «Ҷамъбаст ва дурнамои таъмини беҳдошти санитарию эпидемиологии аҳолии Федератсияи Русия» баргузор мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, анҷуманро Хадамоти федералии назорати бахши ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва беҳдошти шароити зисти инсон дар Федератсияи Русия доир менамояд. «Дар анҷуман бояд доираи васеи масъалаҳои марбут ба таъмини беҳдошти вазъи санитарию эпидемиологии аҳолӣ мавриди муҳокима қарор гирад. Дар кори анҷуман олимону мутахассисони варзидаи Русия ва кишварҳои ИДМ, аз ҷумла намояндагони Ҷумҳурии тоҷикистон иштирок менамоянд», — зикр намуд манбаъ.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






