Андозбандии фаъолияти ташкилотҳои динӣ

Февраль 1, 2012 16:08

Душанбе, 01 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба маводи вақтҳои охир дар васоити ахбори омма, ки доир ба андозбандии маблағҳои хайриявии ташкилотҳои динӣ нашр гардидааст, чунин иттилоъ медиҳад:Мутобиқи муқаррароти қисми 3 моддаҳои 48 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ», ташкилотҳои динӣ аз лаҳзаи ба қайд гирифта шудани оинномаашон (низомномаашон) ба сифати шахсони ҳуқуқие эътироф карда мешаванд, ки фаъолияташон ғайритиҷоратӣ мебошад. Ташкилотҳои динӣ чун шахсони дигари ҳуқуқӣ мувофиқи қонун ва оинномаҳои (низомномаҳои) худ дорои ҳуқуқу вазифаҳо мебошанд.Ҳамзамон бо мақсадҳои андозбандӣ ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ, ки бо тартиби муқарраршуда ба қайди давлатӣ гирифта шуда, мақсади анҷом додани фаъолияти соҳибкориро надоранд, тибқи талаботи моддаҳои 18 ва 24 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон фаъолияти ғайритиҷоратӣ эътироф гардидааст.1.Доир ба даромади хайриявии ташкилотҳои динӣМутобиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 145 ва қисми 3 моддаи 303 Кодекси андоз, фоида ва хайрияҳое, ки ташкилотҳои динӣ (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) мегиранд ва барои фаъолияти ғайритиҷоратӣ истифода мебаранд, бо андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ (андози ҳадди ақал аз даромадҳо) ва андози тибқи низоми соддакардашуда андозбандӣ карда намешаванд.Агар ташкилоти динӣ ба ғайр аз фаъолияти асосии худ фаъолияти соҳибкорӣ анҷом диҳад, дар ин қисмати фаъолияти соҳибкорӣ супорандаи андозҳои алоҳидаи муқаррарнамудаи Кодекси андоз ҳисобида мешавад.2.Доир ба андоз аз даромади шахсони воқеӣМувофиқи талаботи қисми 2 моддаҳои 161 ва 259 Кодекси андоз, шахсони воқеӣ — соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ (аз ҷумла ташкилотҳои динӣ)-е, ки аз даромад андоз пардохт менамоянд, барои дар манбаи пардохт нигоҳ доштан ва ба буҷа гузаронидани андози даромад дар назди кормандони кирояи худ ӯҳдадор мебошанд.Ҳамин тариқ, ташкилотҳои динӣ низ аз ҳисоби кормандони кирояи худ андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоиро ба буҷа ҳисоб ва пардохт менамоянд. 3.Доир ба андози заминТибқи муқаррароти моддаи 264 Кодекси андоз, супорандагони андози замин заминистифодабарандагоне мебошанд, ки ба онҳо қитъаҳои замин барои истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок ва меросии якумра дода шудааст.Дар моддаи 271 Кодекси андоз нисбат ба ташкилотҳои динӣ имтиёз барои андози замин муқаррар нагардидааст. Бинобар ин, ташкилотҳои динӣ дар баробари дигар андозсупорандагон супорандаи ин намуди андоз ба ҳисоб мераванд. 4.Доир ба андоз аз молу мулки ғайриманқулТибқи муқаррароти моддаи 325 Кодекси андоз, супорандагони андоз аз молу мулки ғайриманқул шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – моликон ё шахсоне эътироф карда мешаванд, ки ин молу мулки ғайриманқулро истифода мебаранд ва он мутобиқи моддаи 326 Кодекси андоз объекти андозбандӣ мебошад.Қобили қайд аст, ки моддаи 328 Кодекси андоз нисбат ба ташкилотҳои динӣ озодкунӣ аз андози молу мулки ғайриманқулро муқаррар накардааст ва ташкилотҳои динӣ супорандаи ин намуди андоз ба ҳисоб мераванд.Дар баробари дигар андозсупорандагон мутобиқ ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории андоз иҷрои ӯхдадориҳои андозии ташкилотҳои динӣ низ таҳти назорати доимии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамзамон бо истифода аз фурсат, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати воқеъбинона ва дуруст инъикос намудани масъалаҳои қонунгузории андоз пас аз пайдо намудани маълумот доир ба тартиби андозбандие, ки дар Кодекси андоз муайян гардидааст, мавод дар васоити ахбори омма паҳн карда шавад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ “Ховар” Гавҳар Ҳомидова, сардори шӯъбаи равобит бо ВАО-и Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Февраль 1, 2012 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад