Ба сардии ҳаво нигоҳ накарда фурӯдгоҳи Душанбе фаъол аст
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар» , Лутфия Эшонқулова).- Ба боридани барфи зиёд ва сардии ҳаво нигоҳ накарда, фурӯдгоҳи Душанбе фаъол аст. Тӯли шаб ва то ин соат ҳамаи рейсҳои дар ҷадвали парвозҳо буда, қабул ва гусел карда шуданд. Барои фаъол нигоҳ доштани фурӯдгоҳи Душанбе техникаи зарурӣ сафарбар шуда, маводи зидди лағжиш, моъеҳои химиявии коркарди ҳавопаймоҳо истифода мешаванд. Дар асоси дастури Вазорати нақлиёти ЧТ, фурӯдгоҳи Душанбе рўзҳои 3-5 феврал, ки боридани барфи зиёд ва сардиҳо дар назар аст, нақшаи чорабиниҳоро тартиб дода, аз рўи реҷаи пурзўр фаъолият мекунад.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти фурӯдгоҳ хабар доданд, фурӯдгоҳи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва мусофирон соли 2011 як қатор техникаи нав, аз ҷумла мошину механизмҳои борбардору борфарор (контейнерҳо), таҷҳизоти ба ҳавопаймоҳо барқдиҳанда, автозинаҳо, мошинҳои махсуси аз барфу ях тоза кардани ҳавопаймоҳо, мошинҳои ассенизаторӣ, мошинҳои бо об таъминкунии ҳавопаймоҳо, автобус, ядакҳои пуриқтидори ҳавопаймокаш, микроавтобусҳо, мошинҳои борбардор, мошинҳои барфрўби хатти парвозу фурудоӣ ва роҳравҳои зимомӣ ва ғайра харидорӣ карда буд.Ибтидои соли ҷорӣ низ ба фурӯдгоҳ як қатор техникаи нави хизматрасонии рўизаминӣ, аз ҷумла мошини сўхторнишонии замонавӣ, автозинаҳо, таҷҳизоти ба ҳавопаймоҳо барқдиҳанда, тракторҳои тамғаи «Белорус» бо ядакҳо ва ғайра ворид гардиданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






