Баррасии ҳамкориҳо бо Чин
Душанбе, 29 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун баргузор гардид. Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ аз мавзӯъҳое буданд, ки ҷонибҳо дар аснои мулоқот мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин тайи солҳои охир иштироки фаъоли ширкатҳои бузурги чиниро дар татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар самараи нек арзёбӣ намуданд. Дар интиҳои вохӯрӣ Фан Сянжун иброз дошт, ки баҳри вусъат додани муносиботи иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя, ки таъриху фарҳанги пурғановат доранд, ба сифати сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






