Берун овардани ганҷи Ванҷ

Февраль 24, 2012 09:54

Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли ҷорӣ барои гузаронидани корҳои иктишофӣ ва геологӣ дар конҳои маъдани никел ва мису тиллои сафед (платина) –и «Ғӯмас» -и ноҳияи Ванҷ тендери байналмилалӣ баргузор мегардад.Ба гуфти сардори Саридораи геологияи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, дар Бадахшон даҳҳо маъданҳое мавҷуданд, ки то имрӯз барои гузаронидани корҳои иктишофӣ иҷозатномаи Ҳукумати ҷумҳуриро надоранд. Аз ин рӯ соли ҷорӣ барои ба даст овардани ҳуқуқи корҳои иктишофиву геологӣ дар конҳои «Ғӯмас»- и ноҳияи Ванҷ ва «Икар» -и мавзеи Хоруғ, ки захираи зиёди тилло, тиллои сафед (никел), волфрам ва мисро доранд, баргузории тендери байналмилалӣ дар назар аст.Бояд ёдовар шуд, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ конҳои «Лангар» ва «Абдулқаҳҳор» — и ноҳияи Ванҷ, ки дар онҳо истеҳсоли кварси графитӣ ва абрақӣ ба роҳ монда шуда буд, қатъ гардид ва садҳо ҷойи корӣ аз даст рафт. Бист сол боз ин маъдани пурқиммати саноатӣ истеҳсол намешавад. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои аз нав эҳё кардани кони мазкур тендери ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро баргузор менамояд, то соҳибкорону сармоядорон ҳуқуқи гирифтани иҷозатнома (литсензия) -и Ҳукумати ҷумҳуриро ба даст оранд.

Февраль 24, 2012 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст