Боздиди Сафири Тоҷикистон бо Амири Давлати Қатар

Февраль 21, 2012 13:31

Душанбе, 21 феврал. ( АМИТ «Ховар», Сӯҳбатулло Иноятуллоев).-20 феврали соли 2012 Амири Давлати Қатар Ҳамад бин Халифа Ат Танӣ Сафири ғайримуқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Зубайдулло Зубайдовро ба ҳузур пазируфт.  Амири Давлати Қатар аз Сафири Тоҷикистон З. Зубайдов даъватномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо изҳори сипосу қаноатмандӣ қабул кард. Амир хоҳиш намуд, ки салому паёми самимиаш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шавад. Ӯ Тоҷикистонро кишвари барои Қатар муҳим ва дӯст арзёбӣ кард. Сипас масъалаи гузаронидани Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ доир ба Афғонистон (Душанбе, 26-27 марти 2012) мавриди муҳокима қарор гирифт. Сафири тоҷик аҳамияти махсуси ин чорабиниро барои барқарорсозии Афғонистон қайд карда таъкид сохт, ки иштироки ҳайати Қатар дар ин ҳамоиш хеле зарур мебошад. Амир Ҳамад бин Халифа Ат Танӣ изҳор дошт, ки Давлати Қатар ташаббуси Тоҷикистонро дар пазироии Конфронси RECCA-V дастгирӣ мекунад ва дастур хоҳад дод, то ҳайати баландпояи қатарӣ дар он иштирок намояд. Дар идомаи гуфтушунид Амир Ҳамад бин Халифа Ат Танӣ тазаккур дод, ки барои инкишофи ҳамкориҳо имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Ба гуфти сарвари Давлати Қатар дар сурати аз тарафи Тоҷикистон ба миён омадани пешниҳодҳои мушаххас, кишвари ӯ метавонад дар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла навсозии инфрасохтор сармоягузорӣ намояд. Ҳамзамон Амири Давлати Қатар изҳор дошт, ки ҷониби Қатар барои кушодани хати парвоз миёни ду кишвар омода буда, дар ин масъала ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Дар фарҷоми музокирот ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки бояд сафарҳои дуҷонибаи ҳайатҳои Тоҷикистону Қатар ба кишварҳои якдигар барои таҳкими ҳамкориҳо бештар анҷом ёбанд ва ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии миёни Тоҷикистону Қатар дар фурсати наздиктарин доир карда шавад.

Февраль 21, 2012 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд