Бурду бохти кишоварзон
Хоруғ, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Соҳаи асосии хоҷагии халқи ВМКБ ҳанӯз ҳам кишоварзист. Тавре раиси вилоят Қодири Қосим дар ҷаласаи назди раиси вилоят қайд намуд, солҳои охир дар ин соҳа натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ имконият дод, ки маҳсулоти кишоварзон хеле афзояд. Аммо, ба гуфти раиси вилоят, дар маҷмӯъ саҳми сохторҳои кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ ҳанӯз ҳам кофӣ нест. Барномаҳои илман асоснокшудаи соҳаи кишоварзӣ дар вилоят вуҷуд надоранд. Имкониятҳои зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби кишти тирамоҳӣ, кишти қаторҳои боғот, васеъ намудани масоҳати кишти такрорӣ, рушди соҳаҳои занбӯри асал ва моҳидорию паррандапарварӣ дар навоҳии вилоят пурра истифода намешаванд.Ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон барои ниҳолу гулпарварӣ шароити хуб доранд, вале аз он ба қадри кофӣ истифода намебаранд. Раиси вилоят барои истифодаи ғайримақсадноки замин, аз истеҳсолоти кишоварзӣ берун мондани заминҳое, ки ҳолати мелиоративиашон беҳтар аст, нисбати раёсати кишоварзӣ, кумитаи заминсозӣ ва хоҷагиҳои обу ҷангали вилоят эродҳои ҷиддӣ баён намуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






