Дар Темурмалик ба раиси вилоят чӣ гуфтанд ?
Кӯлоб, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов ). – Бо мақсади ҳалли мушкилоти шаҳрвандон раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов дар ноҳияи Темурмалик 10 нафар сокини ноҳияро қабул намуд, ки онҳо ба раиси вилоят мушкилоти хеш ва ҳамдеҳагонашонро иброз доштанд. Масъалаҳои асосии муроҷиаткунандагон таъмири роҳҳои байниноҳиявӣ, сохтмони толору майдончаҳои варзишӣ, ҳарчи зудтар гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои хатарноки назди деҳаҳо, таъмири насосҳои обкашӣ барои обёрии заминҳо, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, васеъ намудани осоишгоҳи табобатии ноҳия буданд. Барои қонеъ гардонидани муроҷиати сокинони ноҳия раиси вилояти Хатлон ба роҳбарони корхонаю ташкилот ҷудо намудани техникаи зарурӣ ва маблағҳои иловагиро аз буҷаи вилоят бобати ҳалли мушкилоти сокинон супориш дод.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






