Дар Тоҷикистон хиштпазӣ суръат мегирад
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Тоҷикистон истеҳсоли хишт афзуда, барои ин мақсад се корхонаи нави хиштпазӣ сохта мешавад.Мувофиқи суханони манбаъ чунин корхонаҳои нав дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Ҳисору Ҷаббор Расулов бунёд гардида, иқтидори солонаи онҳо қариб 6 миллион адад хиштро ташкил медиҳад.Қобили зикр аст, ки ҳоло дар кишвар 64 корхонаи хишпазӣ фаъолият доранд, ки соли гузашта беш аз 56 миллиону 100 ҳазор дона хишт бароварданд.Корхонаи хиштпазии «Хишти аввалин» — и ноҳияи Рӯдакӣ, ки соли 2011 ба истифода дода шуда буд, калонтарин корхонаи хиштпазии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, иқтидори солонаи он 20 миллион адад хиштро ташкил медиҳад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






