Дидори ҳайати вакилони Чин аз ДСРТ
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Ҳайати вакилони Чин бо роҳбарии муовини вазири идораи давлатӣ оид ба таълими забони чинӣ дар хориҷа Ван Юили аз Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дидан кард.Ҳайати вакилон бо ректор ва муаллимони забони чинӣ мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории байни ДСРТ ва ва донишкадаҳои олии ҶМЧ дар заминаи шартномаи амалкунанда, ҳамчунин натиҷаи ҳамкории ҳозира дар бахши таълими забони чинӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Хотирнишон месозем, ки шартномаи якум дар бораи ҳамкории байни Тоҷикистону Чин дар бахши илму маориф соли 2007 имзо шуда буд. Ба ҳайати вакилон кормандони идораи давлатӣ, шӯъбаи рушду тарҳрезӣ, муовини ректори Донишгоҳи омӯзгории Синҷон ва муовини директори Донишкадаи табодули байналмилалии фарҳанг шомиланд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






