Душанбе дорои микроавтобусҳои нав мешавад
Душанбе, 9 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Душанбе боз соҳиби 150 адад микроавтобус мегардад. Вобаста ба хариди микроавтобусҳо шаҳрдории Душанбе тендер эълон менамояд. Тибқи шартҳои озмун микроавтобусҳое, ки харидорӣ мегарданд, на камтар аз 12 ҷойи нишаст дошта бошанд, бо сӯзишвории дизелӣ фаъолият намоянд, дорои стандарти экологии на камтар аз Евро-3 ва мутобиқ ба иқлими Тоҷикистон бошанд. Тендери мазкур бо мақсади беҳдошти сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайрҳои шаҳрӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷавӣ ваа фароҳам овардани шароити рақобати солим сурат мегирад. Комиссияи тендерии пойтахт ташкилотҳои ватанию хориҷиро ба ҳайси иштирокчӣ даъват менамояд. Довталабон имкон доранд ҳуҷҷату дархостҳои худро то 29 феврали соли равон ба шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод созанд. Озмун 1 марти соли равон дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе баргузор мешавад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






