Экологҳои тоҷик нисбат ба тақдири Арал бетараф нестанд
Душанбе, 17 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аъзои комиссияи муваққатии экологии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки доир ба вазъи воқеии истифодаи захираҳои об дар минтақа ва сабабу омилҳои асосии фоҷиаи баҳри Арал маводи махсуси таҳлилӣ омода намоянд. Ин матлаб дар ҷаласаи комиссияи мазкур дар Душанбе зикр гардид. Ҳамзамон аъзои комиссия санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ доир ба масъалаҳои обу энергетикаро таҳлил ва дар ин хусус ба идораҳои дахлдор маълумот пешниҳод менамоянд. Мавриди зикр аст, ки комиссияи экологии парлумони Тоҷикистон аз аввали соли 2012 бори дуюм аст, ки ҷаласаи худро бо иштироки созмонҳои ҷамъиятӣ баргузор менамояд. Чунин ҷаласаю вохӯриҳо бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба рушди қонунгузории экологӣ ва корҳои муштарак дар масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун ва дигар лоиҳаҳо чораҳои мутобиқ ба тағйири иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои об мусоидат хоҳад кард.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






