Ихтисосмандон ба Русия мераванд

Февраль 17, 2012 09:27

Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Танзими раванди муҳоҷират аз касбомӯзӣ ва соҳибихтисос будани муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста аст. Аз ин рӯ Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи октябри соли 2011 бо Вазорати маорифи ҷумҳурӣ созишномаи ҳамкориро ба имзо расонид. Тибқи он дар ҳамкорӣ бо намояндагони Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия дар омӯзишгоҳи касбию техникии рақами 66 –и шаҳри Душанбе курси 5 моҳаи касбомӯзӣ аз рӯи чанд ихтисос ба роҳ монда шуд. Онҳое, ки омӯзишгоҳро бо ихтисоси барои бозори меҳнат зарурӣ хатм мекунанд, барои кор ба Федератсияи Русия фиристонида мешаванд. Ҳангоми хатми курс ба забономӯзӣ низ диққати асосӣ дода мешавад. Забономӯзӣ аз тарафи намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия барои ҳамаи хонандагони омӯзишгоҳи мазкур ройгон аст. Тибқи созишнома ҳар сол ба омӯзишгоҳҳои касбию техникии шаҳри Душанбе 150 ҳазор нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ҷалб карда мешаванд.Аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор, ки иҷозатнома (литсензия)-и интиқоли қувваи кориро ба хориҷи кишвар доронд, зиёда аз 1600 ҷойи холии корӣ бо маоши аз 300 то 1500 доллари амрикоӣ пешниҳод гардидааст,-иброз доштанд дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».

Февраль 17, 2012 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони ҷаласаи навбатии Шурои ҳамкории фарҳангии ИДМ мегардад
Рушди робитаҳои иқтисодию молиявии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Хатлон даври вилоятии озмун оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид