Изҳори қаноатмандӣ аз рушди Тоҷикистон
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҳолати кунунии ҳамкорӣ ва роҳҳои дастгирии минбаъдаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Аз натиҷаҳо ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии беруна ба назар мерасанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳияи Кодекси нави андози Тоҷикистон, ки аз шартҳои муҳими беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ба шумор меравад, зоҳир карда шуд. Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, «ҳадаф кам кардани шумораи андозҳо ва ҳаҷми онҳо мебошад, то ки андозсупорандагон даромадҳои воқеии худро рӯпӯш накарда, ба таври шаффоф амал намоянд». Изҳори боварӣ карда шуд, ки чунин тарзи кор ҳам ба манфиати андозсупорандагон ва ҳам буҷети давлат буда, ҳолатҳои ба коррупсия мусоидаткунандаро аз миён мебардорад. Хотиррасон бояд намуд, ки лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистон аз ҷониби комиссияи ҳукуматӣ дар ҳамкорӣ бо коршиносони муассисаҳои байналмилалии молиявӣ таҳия мегардад. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба барномаи ояндаи ҳамкории Тоҷикистону Хазинаи байналмилалии асъор, ки дар ҳоли баррасӣ аст, сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






