Изҳороти роҳбари намояндагии ББА
Душанбе, 29 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – 29 феврали соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Намояндагии Бунёди байналмилалии асъор (ББА) Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба вазъи ҳозираи ҳамкорӣ ва роҳҳои дастгирии минбаъдаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Т.Шнайдер дар сӯҳбат бо журналистон аз рӯи натиҷаи мулоқот бо Президенти ҶТ Э.Раҳмон гуфт, ки мақсад аз сафари дуҳафтаинаи Намояндагии ББА ба Тоҷикистон иборат аз арзёбии вазъи иқтисодӣ ва ҷараёни иҷрои барномаи иқтисодӣ барои соли 2011 буд. Мувофиқи суханони Т.Шнайдер, дар Тоҷикистон, сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ, натиҷаҳои басо баланди иқтисодӣ ба назар мерасанд. Т.Шнайдер ҳамчунин қайд намуд, ки соли 2011 афзоиши воқеии маҳсулоти умумии дохилии Тоҷикистон беш аз 7 фоизро ташкил дода, сатҳи таваррум дар нимаи дуюми соли 2011 ба андозае паст гардид. Т.Шнайдер ҳамзамон ҷиҳати дигари мусбатро вобаста ба афзоиш ёфтани дороии байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон қайд намуд.Мувофиқи суханони Т.Шнайдер, зимни мулоқот бо Президенти ҶТ масъалаи марбут ба Кодекси нави андози Тоҷикистон, аз ҷумла вазъи таҳияи он муфассал мавриди муҳокима қарор гирифт. Ба фикри Т.Шнайдер Кодекси нави андоз дар оянда метавонад ба беҳдошти муҳити тиҷорат дар Тоҷикистон мусоидат кунад. Қобили зикр аст, ки лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистонро комиссияи ҳукуматӣ якҷоя бо коршиносони муассисаҳои байналмилалии молиявӣ таҳия месозад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






