Комил Саидов дар «Регар ТадАЗ»
Душанбе, 3 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Ҳамлагари дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ ва ССКА «Помир» Комил Саидов имрӯзҳо дар ҳайати дастаи «Регар- ТадАЗ» ба тамрин фаро гирифта шудааст. Шартномаи ӯ бо ССКА «Помир» ба анҷом расидааст. Дар сурати аз имтиҳони мураббиён гузаштан ӯ метавонад ба ҳайати дастаи «Регар- ТадАЗ» гузарад. Комил дар чемпионати соли гузашта ба дарвозаи ҳарифон 21 тӯб задааст. Имрӯзхо, дар ҳайати регариҳо Раҳмоналӣ Баротов аз дастаи «Хайр», Ҳикматулло Расулов, Фаррухи Ҷӯрахон ва Хайриддин Турсунов аз «Равшан», Алишер Шарипов ва Саид Эргашев аз «Шодмон» ва Илҳом Ортиқов аз ССКА «Помир» аз назар мегузаранд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






