Комиссия сомонаи худро боз менамояд
Душанбе, 17 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Комиссияи муваққатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ сомонаи интернетии худро боз менамояд. Назар ба иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат, ҳадафи таъсиси сомонаи интернетӣ аз дастрасии бетаъхир ба рӯйдодҳои экологии ҷаҳон, вокуниши саривақтӣ ба ақидаҳои мухолиф, ҷалби бештари рӯзноманигорон, олимону коршиносон ва доираи васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистон ва инъикоси мавқеъ ва сиёсати экологии давлат иборат аст. Бояд тазаккур дод, ки ду сол қабл дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба манзури баррасии масъалаҳои марбут ба экология дар кишвар ва минтақа Комиссияи муваққатии экологӣ таъсис гардида буд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






