Кормандони КДАМ аз аввали сол зиёда аз 182 килограмм маводи мухаддирро мусодира намуданд
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар самти мубориза ба муқобили кочоқи маводи мухаддир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои минтақа яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Новобаста аз мавқеи ҷуғрофии басо мураккаби сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Афғонистон, ки асосан кўҳу дараҳои душворгузарро дарбар мегирад, дар натиҷаи фаъолияти густурдаи мақомоти қудратии кишвар, аз ҷумла Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ҳар сол аз гардиши ғайриқонунӣ ҳазорҳо килограм маводи нашъаовар мусодира гардида, барои паҳншавии минбаъдаи онҳо ба қаламрави давлатҳои дўсту ҳамсоя, Федератсияи Россия ва Иттиҳоди Аврупо садди устувор гузошта мешавад. Аз оғози соли 2012 ҳайати шахсии мақомоти амнияти миллӣ фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷўии худро дар ин самт боз ҳам тақвият доданд. Тибқи маълумоти оперативии кормандони мақомоти амнияти миллии кишвар муайян карда шуд, ки гурўҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба харидуфурўши маводи нашъадор машғул буда, рўзи 1-уми феврали соли равон додугирифти пинҳонии онҳоро анҷом медиҳанд. Бо мақсади пешгирӣ ва барбод додани амали ғайриқонунии нашъаҷаллобон кормандони Гурўҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳудуди шаҳри Кўлоб чорабинии фаврӣ-ҷустуҷўӣ анҷом доданд. Дар натиҷаи амалиёти мазкур сокинони ҳамин шаҳр Исмоилов Абдуллохоҷа Аҳмадович, соли таваллудаш 1977, Ҳабибуллоев Абдуқодир Шаринович, соли таваллудаш 1964 ва Сафаров Иззатулло Давлатович, соли таваллудаш 1973 боздошт карда шуданд. Зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии ашхоси номбаршуда 6 килограм маводи нашъадори бангдона ва 2 килограм афюн дарёфт ва мусодира гардиданд. Рўзи 3-юми феврали соли ҷорӣ кормандони Кумита дар ВМКБ дар даромадгоҳи ноҳияи Рўшон амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўи анҷом доданд. Дар натиҷа аз бағоҷи автомошинаи мусофиркаш дар дохили халтаҳои полиэтилинӣ 40 адад маводи ҷигариранги дорои бўйи махсус кашф шуданд. Ташхиси минбаъда муайян кард, ки маводи нашъадор гашиш буда, вазни холисаш 19 килограму 155 грамро ташкил медиҳад. Бо гумони қочоқи маводи мухаддир Ҷаваров Назриалӣ Муҳаббатшоевич, сокини деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ, пештар 2 маротиба суд шудааст ва соҳиби бор, аъзои гурўҳи ҷинояткори трансмиллӣ Ардабоев Собир Муҳаббатович, мулаққаб ба «Шайх Собири Ванҷӣ», истиқоматкунандаи деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ, яке аз аъзоёни фаъоли ҲНИТ дар ин минтақа дастгир гардиданд. Ба гуфтаи Ардабоев Собир, ӯ маводи мухаддирро аз сокини шаҳри Файзободи ҶИА Сарвар валади Ҷўра дастрас намудааст.Амалиёти дигар аз тарафи хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии Шўрообод гузаронида шуд. Ахбори дастрасшуда нишон доданд, ки гурўҳи 5 нафараи қочоқбарони афғон иборат аз Раҳматуло валади Файзуло, 37 -сола, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Арабҳои вулусволии Чаёби вилояти Тахори Афғонистон, сарвари гурўҳ, сокинони ҳамин деҳа Холиқдод валади Қурбонхўҷаи 35 — сола, Руҳулло валади Бобоқули 32- сола, Саттор валади Тағойбеки 31- сола, бекор, Амонулло валади Лолоазими 30- сола, бекор, рўзи 29 январи соли равон сарҳади давлатии ҶИА-ро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ убур намуда, бо нияти интиқол ва фурўхтани 20 кг. ҳероин ва 50 кг афюн ба қаламрави Тоҷикистон гузаштанд. Баъди вуруд ба ҶТ дар яке аз мавзеъҳои дараи Саломалейки ноҳияи Шўрообод бо марзбонони Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ рўбарў шуда, тирпарронӣ намуданд, ки дар натича маводи мухаддирро партофта, ба хоки Афғонистон пас гаштанд. Ҳангоми задухўрд қочоқбар Холиқдод валади Қурбонхўҷа ҷароҳат бардошт. Дар ҷойи ҳодиса 2 халта маводи мухаддири ҳероин ва афюн дарёфт ва мусодира гардид.Дар айни замон аз рўйи ин қазияҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда шудааст ва тафтишот давом дорад. Бояд ёдовар шуд, ки аз аввали соли равон кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи як силсила чорабиниҳои мушаххаси фаврӣ-ҷустуҷўӣ, аз зиёда аз 182 килограмм маводи мухаддирро мусодира намуданд.