Коршиносони ҳиндустонӣ ба Тоҷикистон меоянд
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Нилуфар Ғоибова).-Аз 15 то 18 феврали соли равон як ҳайати роҳбарон ва коршиносони ширкати «Кhonday Group of Industries»-и ҷумҳурии Ҳиндустон ҷиҳати ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатии кишвар ба Тоҷикистон меоянд. Роҳбарону коршиносони ширкати ҳиндустонӣ зимни сафари хеш бо роҳбарияти Саридораи геология, Вазорати энергетика ва саноат, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустӣ мулокот менамоянд.Масъулияти сафари ин ҳайатро дар ҷумҳурӣ Ширкати алюминийи Тоҷикистон бар дӯш дорад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






