Мақсад: рушди варзиши касбӣ
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Аз 24 январ то 1 марти соли 2012 дар шаҳри Чехови Федератсияи Русия бо мақсади рушди варзиши касбӣ ва баланд бардоштани маҳорати варзишгарон барои иштирок дар ҷамъомади машқию таълимии варзишӣ мусобиқаи бокс доир мегардад. Дар он аз ҷумҳурии мо варзишгарон- аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, Мавзуна Чориева ва мураббӣ Мирзо Шамсиев сафарбар карда мешаванд.Хамчунин аз 16 то 20 феврали соли 2012 бо мақсади тарғиби гӯштини тарзи озод байни ҷавонон аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба гӯштини тарзи озод Сомиршо Воҳидов, Азамат Сӯфиев, Юсуф Абдусаломов, Искандари Рустам, Эраҷ Холов, мураббӣ Абдурозиқ Олимов ва довар Ҳабибулло Нарзуллоев дар чемпионати Осиё иштирок мекунанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






