Маҳрумияти тими мунтахаби олимпии Ироқ аз ғалаба
Душанбе, 9 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Конфедератсияи футболи Осиё дастаи мунтахаби олимпии Ироқро аз галабаи бадастовардааш дар вохӯрӣ бо дастаи Амороти Мутахидаи Араб дар силсилабозиҳои интихобии Олимпӣ- 2012 бо ҷурми истифодаи бозингари аз бозиҳо бар каноршуда ба бохти техникии 3 бар 0 ҷазо дод. Бозие, ки рӯзи 27 ноябр дар шаҳри Доҳа баргузор шуда буд, бо ғалабаи футболбозони Ироқ бо ҳисоби 2 бар 0 ба поён расид. Вале ироқиҳо муҳофизатгари аз ду бозӣ рондашуда Ҷосим Файсалро дар вохӯрӣ истифода бурданд ва ин боиси муҷозот гардид. Дар ин гурӯҳ бо 8 имтиёз дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Аморот дар зинаи аввал, Австралия бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм ва Ироқ бо 1 хол дар зинаи чорум ҷойгир шудаанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






