Маҷлиси Ҷамъияти Британия ва Тоҷикистон дар Лондон
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 20 феврал дар шаҳри Лондони Британияи Кабир маҷлиси муассисони шӯрои васояти Ҷамъияти Британия ва Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис ҳайати пешакии Раёсати ҷамъият тасдиқ гардид, ки ба он як қатор ходимони намоёни ҷамъиятии Британияи Кабир, ходими ҷамъиятӣ ва узви парлумон хонум Вивиен Стерн шомиланд. Ҳамчунин раиси Ҷамъияти Британия ва Тоҷикистон ва муовини ӯ интихоб гардиданд. Дар маҷлис барномаи чорабиниҳо ба ифтихори таҷлили иди байналмилалии Наврӯз дар Британияи Кабир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Мақсади асосии шӯрои Ҷамъияти Британия ва Тоҷикистон ҷалби аҳли ҷамъияти Британия ба имконияти шиносоӣ бо кишвари мо барои таҳким бахшидани равобити дуҷониба ва табодули доимии байни намояндагони фарҳанг, маориф ва аҳли тиҷорати ҳар ду кишвар аст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






