Маркази равоншиносии вилоят бо маводи хӯрока таъмин гардид
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни сафараш аз беморхонаи маркази равоншиносии вилоят дидан намуда, ба масъулин барои беҳтар намудани шароити зист ва таъмин намудан бо маводи хӯрока дастуру супоришҳои мушаххас дода буд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дирӯз ба беморхонаи маркази равоншиносии вилоят аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба табобатгирандагони беморхона маводи хӯрока аз қабили орд, тухм, гӯшт, биринҷ ва дигар маҳсулоти ғизоӣ кӯмак расонида шуд. Кормандони беморхонаи маркази равоншиносии вилоят аз дастгирии роҳбарияти ҳукумати вилоят арзи сипос намуданд. Бояд қайд, ки ҳоло ба 84 нафар беморони руҳӣ 7 нафар табибони руҳшинос хизмат мерасонанд. Беморхона барои табобати 100 нафар беморон мутобиқ гардонида шудааст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






