Маросимҳои идона бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ба муносибати таҷлили 19-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади доир намудани паради ҳарбӣ субҳи 23-юми феврал дар боғи Ғалабаи пойтахт маросими бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар оғози он бо мақсади гиромидошти хотираи неки фарзандони содиқи Ватан аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ Э.Раҳмон ва аз ҷониби Вазорати мудофиа собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳ дар назди лавҳа ва гулхани абадии хотиравӣ гулчамбарҳо гузоштанд.Дар чорабинӣ вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии навъҳои Қувваҳои мусаллаҳ, намояндагони низомии кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, ҷанговарони башардӯст, масъулини раёсату хадамоти алоҳидаи дасгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ, афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва дигар шахсони расмӣ ширкат намудаанд.Баъди анҷоми маросими гулгузорӣ, бо амри фармондеҳи парад ҳайати шахсии ҷузъу томҳое, ки дар майдони баргузории чорабинӣ саф кашида буданд, ба расми гузашти ҳарбӣ шурўъ намуданд. Он рӯз хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ, донишҷўёни муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, афсарону сарбозони қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва ҷузъу томҳои нерӯҳои Вазорати мудофиа, ки шумораашон беш аз якуним ҳазор нафар буд, дар расми гузашти ҳарбӣ ширкат намуданд.Худи ҳамон рӯз инчунин ба муносибати иди касбии низомиён, аз ҷониби масъулини Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди лавҳаи ёдгории 28 сарбози номаълум низ гулчамбарҳо гузошта шуданд. Тантанаҳои идона ба муносибати 19-умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ рӯзи 23-юми феврал дар толори Вазорати мудофиаи ҶТ бо ворид намудани парчами давлатӣ, байрақи низомӣ ва бо садои суруди миллӣ идома ёфт. Дар маросими мазкур Вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Ш.Хайруллоев, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии навъҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар масъулину афсарони раёсату хадамоти алоҳидаи дасгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, намояндагони дигар сохторҳои қудратӣ низ ширкат намуданд.Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ сухан намуда, аз дастгирии роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба низомиён ва доир ба дастовардҳои Артиши миллӣ ибрози андеша кард. Аз ҷумла Ш.Хайруллев аз комёбиҳои Вазорати мудофиа дар тӯли ин солҳо ёдовар шуда, ҳозирин ва дар симои онҳо ҳамаи хизматчиёни ҳарбиро таъкид бар он намуд, ки аз ин муваффақиятҳо набояд қаноатманд шуд, балки минбаъд низ баҳри рушду нумӯи артиш ва боз ҳам пурқудрат намудани Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар роҳи баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлати соҳибистиқлол бояд ҷаҳду талош намуд. Дар охири маросим афсарону сарбозоне, ки хизмати хубу бенуқсон доранд, бо медалу ифтихорномаҳо ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, ба муносибати таҷлили 19-умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар ҳама қисму воҳидҳои низомии Артиши миллии мамлакат ва бо иқдоми масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни идонаи фарҳангӣ баргузор гардиданд.