Маросими ҷоизасупорӣ дар «Ориёно»
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).– Бо ташаббуси Қумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ба муносибати 19-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбию варзишии «Ҳомии Ватан» ва 19 феврали соли равон дар бошишгоҳи ҷумҳуриявии Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятиии мудофиаи «Мададгор»-и Ҷумҳуриии Тоҷикистон мусобиқаи тирпарронӣ миёни дастаҳои 6- нафараи сарбозон аз ҷузъу томҳои сохторҳои низомӣ доир гардид.Лозим ба ёдоварист, ки мақсад аз баргузории чорабинӣ такмил додани корҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва варзишӣ миёни сарбозони мақомоти қудратии мамлакат ва тайёр намудани онҳо ба дифои Ватан, ҳамзамон азхуд кардани барномаи тайёрии ибтидоии ҳарбӣ ва тарғиби он барои ҷалби хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аз аслиҳаи қатли ом худро муҳофизат карда тавонистани онҳо мебошад. Имрӯз дар ҷараёни чорабинии тантанавӣ бахшида ба 19 – солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» доир мешавад, аз ҷониби раёсати кумита маросими супоридани тӯҳфаҳо ва диплому медалҳо ба ғолибони чорабиниҳои мазкур сурат мегирад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






