Меъёри бозтамвил 0,8 банди фоизӣ паст шуд
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро ба андозаи 0,8 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 9 фоизи солона муқаррар намуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти БМТ иттилоъ доданд, ки ин дигаргунӣ бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, бо ин роҳ паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ ва мӯътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот ворид карда шудааст. Қобили қайд аст, ки маротибаи охир меъёри бозтамвили БМТ 14 декабри соли 2011 ба андозаи 0,2 банди фоизӣ паст намуда буд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






