Миссионерон ба ҳабс гирифта шуданд
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми ду моҳи аввали соли 2012 як гурӯҳи 7 нафараи ашхоси мансуб ба созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯи «Ҷамоати таблиғ» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ду нафар сокини маҳаллии ноҳияи Қубодиён, мансуб ба узвияти созмони ифротгарои «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» бо қарори суд гунаҳкор дониста ва ба ҳабс маҳкум карда шуданд. Ёдовар мешавем, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2006 фаъолияти созмони «Ҷамоати таблиғ» ва созмони ифротгарои «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудаанд.Боиси зикр аст, ки аъзои созмонҳои зикршуда асосан дар муассисаҳои динии Ҳиндустон, Покистон ва Индонезия таҳсили илм намуда, фаъолияти худро миссионерӣ (таблиғгаро) ном мебаранд, ки ҳадафи онҳо исломишавии ҷаҳон мебошад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






