Муҳокимаи масъалаи сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Аз 20 то 22 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз рӯи масъалаҳои муайян ва аломатгузорӣ кардани сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.Қобили зикр аст, ки аллакай 84 фоизи хатти сарҳади давлатии байни ду кишвар мувофиқа намуда ва дар шартномаи оид ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, ки онро парлумонҳои ҳар ду ҷониб тасдиқ намуда буданд, зикр дода шудааст.Ҷонибҳо дар бораи баррасии лоиҳаи шартнома оид ба ҳалли ниҳоии хатти сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон паймон намуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






