Муҳокимаи татбиқи лоиҳа аз ҳисоби қарзҳои бонки ҶМЧ
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 27 феврал вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва ноиби аввали президенти Бонки содиротию воридотии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжу Хунтсзе масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳоеро, ки аз ҳисоби қарзҳои «Эксимбонк» — и ҶМЧ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешаванд, ҳамчунин дурнамои ҳамкории минбаъдаро мавриди муҳокима қарор доданд. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати молияи мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, С.Наҷмиддинов зикр намуд, ки бо дастгирии «Эксимбонк» — и ҶМЧ дар амри татбиқи лоиҳаҳои калони бахши энергетика ва коммуникатсияҳо натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Мавсуф изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкории дуҷонибаи байни Чин ва Тоҷикистон минбаъд ҳам рушд хоҳад ёфт.Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содиротию воридотии ҶМЧ дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай созишномаҳои қарзавиро барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт ба маблағи умумии 908 миллиону 900 ҳазор доллари ИМА бо шартҳои имтиёзнок имзо кардаанд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






