Муҳокимаи вазъи маводи нашъаовар дар минтақа
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров зимни мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Италиё дар ҶТ Рикаррдо Мунаро аз вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Осиёи Марказӣ нақл кард.Тавре дар маркази матбуоти Агентӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Рустам Назаров дар ҷараёни мулоқот аз хусуси ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсоя дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сухан ронд.Мувофиқи суханони манбаъ, Рустам Назаров ҳамчунин аз хусуси тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бахши назорати маводи нашъаовар, фаъолияти агентӣ ва дастоварду дурнамои он нақл кард. Р.Монаро зикр кард, ки Ҳукумати Италиё ба масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ният дорад, ки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро дар ин масъала минбаъд ҳам дастгирӣ кунад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






