Мулоқот бо ҷавонон
Хоруғ, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар ҳошияи омодагӣ ба Рӯзи Артиши миллӣ ташкилоти мададгори мудофиаи вилоят чорабиниҳои зиёди оммавию фарҳангиро роҳандозӣ мекунад, — гуфт муовини сардори ин ташкилот Исматулло Назиров. Чанде пеш мулоқоти собиқадорони ин бахш бо ҷавонону наврасон баргузор шуд.Исматулло Назиров аз таърихи таъсисёбии ташкилоти мададгори мудофиа ва саҳми он дар тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон нақл кард. Дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ дар вилоят сӯҳбату мулоқот бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони интернатсионалист, ҳамчунин ташкили мусобиқоти варзишӣ идома дорад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






