Мулоқот дар Киев

Февраль 17, 2012 13:50

Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар шаҳри Киев мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов ва президенти Иттифоқи кормандони саноат ва соҳибкорони Украина Анатолий Кинах баргузор гардид.Тавре аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ – и ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба дар бахши иқтисодиёт, аз ҷумла роҳҳои рушди ҳамкории соҳавӣ, барқарор намудани робитаҳои миёни корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ва Украинаро мавриди муҳокима қарор доданд. Ш.Султонов аҳамияти хосаи татбиқи мувофиқатеро, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба Украина моҳи декабри соли 2011 ба даст омада буд, аз ҷумла аҳамияти рушди ҳамкории иқтисодӣ ва густариши фаъолияти муштараки соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишварро қайд намуд.Шӯҳрат Султонов ҳамчунин бо раиси Хадамоти давлатии ҳавопаймоии Украина Анатолий Колесник мулоқот анҷом дод. Сафири Тоҷикистон хабар дод, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» — и Тоҷикистон ба манзури барқарор намудани роҳи ҳавоии байни ду кишвар ният дорад, ки аз 25 марти соли 2012 парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳоро дар хатсайри Душанбе — Симферопол – Киев – Душанбе роҳандозӣ намояд.А.Колесник изҳор дошт, ки Украина тарафдори барқарор намудани роҳи ҳавоии байни ду кишвар буда, барои иҷрои ин вазифа супоришҳои дахлдор дода мешаванд.

Февраль 17, 2012 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд