Мулоқоти Қ.Қоимдодов бо Д.Катеринич

Февраль 29, 2012 10:27

Маскав, 29 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 27 феврал мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қ.Қоимдодов бо вазири саноати Беларус Д.Катеринич баргузор гардлид.Дар мулоқот муовини аввали вазири саноати Беларус И.Демидович, директори генералии корхонаи воҳиди давлатии «Минский тракторный завод» («Заводи тракторсозии Минск») А.Пуховой ва роҳбарони раёсатҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии ҶКС «БелАЗ» ва ҶКС «МАЗ» низ ширкат доштанд. Зимни мулоқот ҷараёни иҷрои дастурҳои сарони ду давлат аз рӯи натиҷаи сафари Президенти Ҷумҳурии Беларус А.Лукашенко ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2011, ҳамчунин нуктаҳои Протоколи иҷлосияи 7 – уми Комиссияи байниҳукуматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Қ.Қоимдодов зарурати тезонидани иҷрои вазифаҳои ба миён гузошташуда, хусусан дар қаламрави Тоҷикистон бунёд намудани корхонаи васли техникаи кишоварзиро таъкид намуд. Ҷонибҳо қайд намуданд, ки дар ҳоли ҳозир гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст, ки то моҳи апрели соли ҷорӣ механизми ташкили чунин корхонаро таҳлил менамояд. Дар ин бора дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар қисми аврупоии кишварҳои ИДМ хабар доданд.

Февраль 29, 2012 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд