Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо сафирони Бразилия, Кувайт ва Қатар
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо сафири Бразилия дар Тоҷикистон Алфредо Леони мулоқот анҷом дод. Тавре аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, З.Зубайдов дар ҷараёни сӯҳбат зикр намуд, ки сатҳи муносибатҳои байни Тоҷикистону Бразилия ба рушду густариш ниёз дорад, бинобарин ҷонибҳо бояд дар ин самт саъю кӯшишҳои бештареро ба харҷ диҳанд. Бинобар конфронси панҷуми қарибулвуқуи ҳамкории иқтисодии минтақавӣ аз рӯи қазияи Афғонистон (RECCA –V) сафири Бразилия қайд намуд, ки кишвараш омода аст, дар ин форуми муҳими байналмилалӣ иштирок кунад. Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки Бразилия хоҳони таҳким бахшидани муносибатҳо бо Тоҷикистон аст. Дар ҷараёни мулоқот бо сафири Кувайт дар Тоҷикистон Наваф Абдулазиз Аланозӣ масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва натиҷаи интихоботи парлумони Кувайт, ки 2 феврали соли 2012 баргузор гардид, мавриди муҳоркима қарор гирифтанд.Дипломати тоҷик аҳамияти иштироки ҳайати Кувайт дар конфронси RECCA –V – ро бори дигар қайд намуда, хабар дод, ки дар чаҳорчӯбаи конфронс симпозиуми илмӣ баргузор шуда ва иштироки яке аз мутахассисони Кувайт дар он бамаврид аст. Роҳбари намояндагии дипломатии кишвар дар Покистон бо сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон Сайёр Абдулраҳмон ал – Мавда муносибатҳои дуҷониба ва иштироки ҳайати Қатар дар конфронсро муҳокима намуд.Ҷониби Қатар изҳор дошт, ки ҳайати олимақоми кишвараш дар ин конфронс ва мутахассиси он дар симпозиуми илмӣ иштирок хоҳанд кард.