Мулоқоти шаҳрдор бо намояндаи АМА
Душанбе, 27 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи мутобиқсозии «Наврӯзгоҳи пойтахт» ба меъёрҳои баргузории пойгаи равони байналмилалӣ, ташкили ин намуди варзиш дар чорабинии 27 март ба нақшагирифташуда, даъват ва иштироки доварону нозирони байналмилалӣ зимни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ва Елена Михай, менеҷери байналмилалӣ аз Аморати Муттаҳидаи Араб дар Душанбе баррасӣ гардид. Котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки омодагии шаҳрдории Душанбе ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз вусъати тоза касб менамояд. Дар радифи чорабиниҳои фарҳангии театрикунонидашуда баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баҳри таблиғи оммавияти варзиш ва ҷалби сокинон барои пешбурди тарзи ҳаёти солим таҳрезӣ шудааст. Пойгаи равон, ки 27 марти соли равон дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» баргузор мешавад, аз ҷумлаи чорабиниҳои варзишии шаҳрдории Душанбе аст. Ин чоарбинӣ бори нахуст дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ ва иштироки доварони сатҳи байналмилалӣ барпо карда мешавад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






