Мулоқоти вазири маорифи ҶТ бо сафири ФР дар ҶТ
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Вазири маорифи ҶТ Нуриддин Саидов, Сафири ФР дар Тоҷикистон Юрий Попов ва намояндаи Ҷамъияти ҳамкории Русия дар Тоҷикистон Сергей Киселёв зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории башардӯстонаи байналмилалӣ дар бахши маорифро мавриди муҳокима қарор доданд.Дипломати Русия дар ҷараёни мулоқот иброз дошт, ки мутобиқи Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 27 декабри соли 2010 муассисаҳои давлатии федералии маърифатӣ, мактабҳои миёнаи таъсилоти умумӣ, ки берун аз ҳудуди Федератсияи Русия мебошанд, бо амволу теъдоди ташкилотиашон дар ихтиёри Ҷамъияти ҳамкории Русия гузошта мешаванд.Ҷониби Сафорати ФР пешниҳод намуд, ки дар нимаи аввали моҳи апрел якҷоя бо Вазорати маорифи ҶТ ҳафтаи маорифи Русия дар Тоҷикистон доир карда шавад, ки он доир намудани намоишгоҳу ярмаркаи хизматрасонии маърифатии донишкадаҳои олии Русияро дар назар дорад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






