Мусобиқаи камонварӣ дар Бангкок
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – 11- 12 феврали соли 2012 дар Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ доир ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқоти ҷумҳуриявӣ доир ба гӯштини юнонию румӣ гузаронида мешавад. Дар мусобиқа ҳайати дастаҳо аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок менамоянд. Аз 14 то 20 феврали соли равон дар шаҳри Банкоки Шоҳигарии Тайиланд мусобиқаи Осиё доир ба камонварӣ доир мегардад. Кишвари моро дар ин мусобиқа аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон камонварон- Зӯҳро Тағоева ва Фирӯза Зубайдова намояндагӣ мекунанд. Хамчунин аз 18 январ то 10 феврали соли равон узви дастаи мунтахаби кишвар Юсуф Абдусаломов ҷиҳати иштирок дар ҷамъомади машқиву таълимии варзишӣ ба шаҳри Налчики Федератсияи Русия сафар мекунад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






