Мусодираи таппончаи пневматикӣ дар Душанбе
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Назрулло Асозода). — 18-уми январи соли 2012 тахминан соати 15:35 дақиқа ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар чорроҳаи С. Шерозӣ — Сино мошини тамғаи «Toyota Camry», рақами давлатиаш 21-25 АВ 01/РТ таҳти идораи ронанда Ғафуров Ш., соли таваллудаш 1980, сокини кӯчаи Испечак-2 боздошт гардид. Ҳангоми тафтиши мошин аз пеши нишастгоҳи ронанда як адад таппончаи пневматикии газии корношоям дарёфт шудааст. Муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Ғафуров Ш. яроқи мазкурро бе иҷозатномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






