Низоми нави дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).– 28 феврали соли 2012 дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи раванди татбиқи низоми нави дастгирии унвонии иҷтимоии оилаҳои камбизоат дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010, №586 «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии дастгирии унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ёвон» тасдиқ гардидааст, мизи муддавар баргузор гардид.Дар он мутахассисони масъули вазорат, намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии «Амонатбонк», Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ёвон, кормандони лоиҳаи «Кӯмаки техникӣ доир ба барномаҳои мусоидати иҷтимоӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — қисми имтиёзҳо ва пардохтҳои иҷтимоӣ» ширкат варзида, перомуни натиҷаҳо ва қадамҳои минбаъда дар самти татбиқи низоми нави дастгирии унвонии иҷтимоии оилаҳои камбизоат дар ноҳияҳои таҷрибавӣ мубодилаи афкор намуданд.Иштирокдорон ва мутахассисони соҳа дар бораи ҷараёни иҷрои низоми нави дастгирии унвонии иҷтимоии ба оилаҳои камбизоат дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ибрози нақзар намуданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






